Песков ба суол дар бораи эмгузаронии Путин алайҳи коронавирус посух дод

Президент Владимир Путин аз эмгузаронияш бар зидди коронавирус худ хабар хоҳад дод, гуфт котиби матбуотии раҳабри Русия Дмитрий Песков ба РИА Новости.

«Ӯ худаш хабар медиҳад», — гуфт Песков.

Раҳбари Вазорати тандурустии Русия Михаил Мурашко рӯзи шанбе гуфт, ки ваксинаи коронавируси «Sputnik V» барои эмгузаронии одамони синнашон аз 60 боло тасдиқ шудааст.

Сафҳаи Твиттери ваксина хабар дод, ки «Sputnik V» комилан бехатар ва беш аз 90% барои гурӯҳи синнусоли 60+ самаранок нишон дода шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ