Муносибат

Либоспӯшӣ маданият дорад

Чанд сол муқаддам либосҳои миллӣ дар урф буд. Афсӯс, ки сол то сол эътибор ба либоси миллӣ ранги дигар мегирад. Имрӯз дар кӯча, бозор ва ҳатто дар муассисаҳои таълимӣ зану духтаронеро мебинем, ки дар тан либоси аврупоидӯхт доранд. Ба фарҳанги бегона тақлид карда, пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ мепӯшанд, ки ин ба менталитети мо мувофиқ нест ва аз косташавии фарҳанги мардум далолат медиҳад.
Сад афсӯс, ки имрӯз духтарон ба пӯшидани чунин либосҳо рағбати бештар доранд ва аз фарҳанги бою ғании худ истифо¬да намебаранд. Аз сабаби якрангии либосҳо гоҳо марду занро фарқ кардан душвор мешавад. Аксари духтарон фаромӯш кардаанд, ки либоспӯшӣ ҳам маданият дорад.
Кишварамон ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои зиёд дорад ва ҳар сол аз гӯшаву канори ҷаҳон миллионҳо нафар сайёҳон меоянд. Моро зарур аст, ки ба онҳо аз фарҳанги волои худ гӯем, бо либосҳои миллии хеш намунаи ибрат шавем.
Фаромӯш накунем, ки пӯшидани куртаи атласу адрас мав¬симӣ нест. Ба бар кардани он набояд танҳо дар иду ҷашнҳо сурат бигирад. Он бояд либоси рӯзмарраи ҳар як зану духтар бошад. Либоси атласу адрас, бешубҳа, ҳам ба зани роҳбару тадбиркор зебанда асту ҳам ба олиму омўзгор ва ҳам ба до¬нишҷӯву хонандаи мактаб.

Беҳрӯз МУСОЕВ, донишҷӯ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ