Ба дӯстдухтари Роналду ҷома ҳадя карданд

Модели машҳур, дӯстдухтари Криштиану Роналду ҷома ба бар дар саҳифааш дар Instagram акси нав нашр кардааст.

«Кори дастӣ бо муҳаббат аз Ӯзбекистон», — навиштааст ӯ дар зери акс.

Ҷорҷинӣ Родригес — модари духтари хурдии Криштиану Алана Мартинӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 2017 ба дунё омадааст. Ин ҷуфт то ҳол ақду никоҳ набастааст.

Ҳамчунин, Роналду соҳиби се фарзанди дигар аз модарони ҷудогона мебошад — Криштиануи нӯҳсола ва дугоникҳо Ева ва Матео, ки моҳи июни соли 2017 ба дунё омадаанд.

Нашриёт хабар медиҳад, ки фақат ороишоти як дасти Ҷорҷинӣ наздики як миллион евро нарх дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ