Дар яке аз хонаҳои пиронсолони Белгия Санта-Клаус меҳмон шуд. Дар натиҷаи ташрифи ӯ 121 нафар пиронсол ва 36 нафар корманди марказ мубталои коронавирус шуданд. 18 нафар аз беморон фавтиданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “МИР 24” хабар дод.
Нафаре, ки бо либоси бобои барфӣ ба хонаи пиронсолон омада буд, баъди 3 рӯз аз тести коронавирус натиҷаи мусбат дарёфт кард. Дар натиҷаи тафтишот маълум шуд, ки ҳангоми барномаи солинавӣ дар хонаи пиронсолон баъзеҳо ниқоб напӯшидаанд ва баъзеҳо ба фосилаи иҷтимоӣ риоя накардаанд.
Баъди чандин рӯз дар хонаи пиронсолон коронавирус паҳн шудааст.
