Дар Оқдарё бо иштироки мошини боркаш ва автобус садама рух дод


Дар натиҷаи як садама бо иштироки мошини боркаши Isuzu ва автобуси мусофирбар дар ноҳияи Оқдарё як нафар захмӣ шуд.
Бино ба хабари шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Самарқанд, ин ҳодиса шоми имрӯз дар роҳи мошингарди М 37 дар Оқдарё рӯй дод. Дар натиҷаи беэҳтиётии ронанда мошини боркаш ба автобусе, ки дар пеш ҳаракат мекард, бархӯрд. Автобус баъди ин зарба аз роҳ берун шуд ва ба замин сарозер гардид.
Дар ин ҳодиса як нафар аз мусофирони автобус захмӣ шуд. Ӯро ба бемористон интиқол доданд.
Ҳоло ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ