Беҳтаринҳои соли 2020 аниқ гардиданд, Ҷалолиддин Машарипов — беҳтарин футболбози Ӯзбекистон

Дирӯз дар толори консертии «Зарафшон»-и шаҳри Тошканд ҳисоботи навбатии Конгресси Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФӮ) ва маросими тақдирнамоии беҳтаринҳои соли 2020 шуда гузашт. Нахуст Саркотиби АФӮ Аваз Мақсумов аз рӯйи ҳисоботи корҳои аз ҷониби АФӮ дар соли 2020 амалигашта маълумот дод. Сипас, ғолибони номинатсияҳои гуногуни озмунҳои аз ҷониби журналист, сармураббиён, сардорони ҷамоаҳо, мухлисон гузаронидашуда эълон гардиданд. Роҳбарони вазорат ва ташкилотҳои гуногун ба беҳтаринҳо, ба ифтихорони футболи Ӯзбекистон тӯҳфаҳо супурданд. Евгений Валитский — нуронии футболи ӯзбек; Зайниддин Тоҷиев — беҳтарин мураббии ҷавонон; Абдувоҳид Неъматов «Насаф» — беҳтарин футболбози ҷавон; Клуби «Турон» — тӯҳфаи махсус; А.Абдурашидов («Турон») беҳтарин футболбози Про-лига; мухлисони «Пахтакор» — рамзи фидоӣ; Ахрол Рисқуллоев — беҳтарин ҳакам; Акбар Усмонов («Пахтакор») — беҳтарин футзалчӣ; Зуҳриддин Қиличев — беҳтарин журналист; Ассотсиатсияи футболи вилояти Фарғона — беҳтарин ассотсиатсияи ҳудудӣ; Ҳасан Раҳимҷонов («Пахтакор») — тӯҳфаи ҷасорат; Людмила Карачик («Бунёдкор») — беҳтарин бонуи футболбоз; Рӯзиқул Бердиев («Насаф») — беҳтарин мураббии Ӯзбекистон ва Ҷалолиддин Машарипов — беҳтарин футболбози Ӯзбекистон дониста шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ