Таиланд дар баҳор барои сайёҳон боз хоҳад шуд


Таиланд баъди соли нави миллии худ барои қабули сайёҳонро оғоз хоҳад кард. Дар ин бора рӯзномаи The Bangkok Post ба нақл аз Пипат Ратчакитпракан, вазири сайёҳии ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи вазир, пеш аз соли нави миллии Таиланд – Сонгкран, ки рӯзҳои 13-15 ҷашн гирифта мешавад, парвозҳои байналмилалӣ барқарор хоҳад шуд. Бо оғози парвозҳои байналмилалӣ ба сайёҳӣ низ иҷозат дода мешавад.
Ратчакитпракан гуфт, ки ба далели афзоиши шумори мубталоёни коронавирус дар семоҳаи аввали сол оғоз кардани ҷалби сайёҳон ғайримумкин аст.
Ёдовар мешавем, ҳукумати Таиланд қаблан эълон карда буд, ки эҳтимоли баста шудани сарҳад барои сайёҳон дар соли 2021 низ вуҷуд дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ