Туркҳо дар Озарбойҷон пойгоҳи низомӣ месозанд

Туркҳо дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон як пойгоҳи низомӣ месозанд, навиштааст канали Telegram WarGonzo бо такя ба як манбаи худ. Ба гуфтаи ӯ, сарбозон, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои амрикоии F-16 дар Озарбойҷон мустақар карда хоҳанд шуд. Айни замон, сохтмони иншооти низомӣ зери ниқоби барқарорсозии зерсохтори шаҳрвандӣ ҷараён дорад. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон пас аз ба охир расидани ҷанги Қарабоғ аз вазъи сиёсӣ дар минтақа норозӣ аст. Аз ҷумла, қувваҳои Русия, ба ақидаи ӯ, барои танзими вазъ ваколатҳои истисноӣ ба даст оварданд ва ба ин васила сарбозони туркро аз ширкат маҳрум карданд. Илова бар ин, гӯё русҳо бо роҳандозии як фурудгоҳ дар пойтахти Қарабоғи Кӯҳӣ — Степанакерт мавқеъҳои худро тақвият доданӣ ҳастанд. Эрдуғон қасд дорад зарари сиёсиро бо мустақар кардани сарбозони турк дар Озарбойҷон ҷуброн кунад. Тахмин меравад, ки ҳайати шахсӣ, чархболҳо ва тайёраҳои туркӣ ба пойгоҳи низомӣ дар Ганҷа мустақар хоҳанд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ