Президенти Тоҷикистон рамзи 20-солагии таъсиси СҲШ-ро тасдиқ кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро тасдиқ намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Бино ба маълумоти манбаъ, рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитоӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.
Бод гуфт, ки соли 2020 Раёсат дар СҲШ ба уҳдаи Русия вогузор шуда буд. Соли 2021 Раёсат дар Созмон ба Тоҷикистон мегузарад.
Нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе доир мегардад. Аз замони таъсисёбии СҲШ 20 сол пур мешавад.
Ба СҲШ Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомил мебошанд.
Афғонистону Беларус, Эрону Муғулистон ба сифати кишварҳои нозир ва Озарбойҷону Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка — ба сифати давлатҳои шарики Созмон пазируфта шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ