Ӯзбекистон дар 11 моҳ 98 дона электромобил импорт кард


Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон 98 дона электромобил ба арзиши 2,4 миллион доллар ворид шуд.
Бино ба хабари кумитаи омори Ӯзбекистон, дар 11 моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин муддати соли гузашта 66 дона бештар мошини барқӣ импорт шуд.
Дар ин давр аз Чин 63 дона, аз Кореяи Ҷанубӣ 13 дона, аз Гурҷистон 7 дона ва аз дигар кишварҳои хориҷӣ 15 дона электромобил вориди Ӯзбекистон гардид.
Дар моҳи ноябр аз хориҷа 11 дона электромобил ворид карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ