Барномаи “Борига барака” ба сокини Ургут хонаи соҳибшудаашро намедиҳад


Бахтиёр Маматов, сокини ноҳияи Ургут дар барномаи “Борига барака”-и шабакаи телевизионии “Zo’r TV” соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ шуд. Аммо 14 моҳ сипарӣ гардиду ҳанӯз ба ӯ хонаашро бо баҳонаҳои гуногун намесупоранд.
“Борига барака” дар муддати кӯтоҳ дар миёни мардум шинохта шуд ва миллионҳо нафар тамошобин ҷамъ кард. Шӯҳрату истеъдоди сухандонон ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо бешак ба машҳур шудани барнома омилӣ асосӣ буданд.
Ба гуфтаи роҳбари лоиҳа Азиз Умрзоқов, мукофот ба соҳибаш дар муддати 3 рӯз супурда мешавад. Аммо ба далели тӯл кашидани музокираҳо бо Маматов, супурдани мукофот ба ӯ низ ба таъхир афтодааст.
Ҳангоми ғолиб шудани Маматов сарпарасти лоиҳа дигар буда ва ҳоло дигар аст. Ба поён расидани муддати ҳамкорӣ бо сарпарастони қаблӣ имкон надодааст, ки барнома маҷбурияти худро саривақт иҷро кунад.
Умрзоқов мегӯяд, ки ин масъала дар рӯзҳои наздик ҳал мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ