Сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамдигарро бо фарорасии соли нав табрик карданд


Имрӯз, 30 декабр Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишварамон бо Эмомалӣ Раҳмон, пешвои Тоҷикистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин сӯҳбат сарони ду кишвар ҳамдигарро бо фарорасии соли нав табрик карданд ва ба мардуми тоҷику ӯзбек осудагиву фаровонӣ орзу намуданд. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.
Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаҳои муҳимми минтақаӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуд. Тарафҳо ба мустаҳкам кардани дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва шарикии стратегии миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, таъмини барқарорӣ ва амният, мубориза ба таҳдидҳои замон таваҷҷӯҳи махсус доданд.
Мирзиёев ва Раҳмон дар бораи афзоиш додани гардиши молии дуҷониба, пеш бурдани лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкории фарҳангиву инсондӯстӣ дар миёни вилоятҳои ду кишвар тавофуқ карданд.
Мирзиёев ба Раҳмон дар раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 тавфиқу комёбӣ орзу кард.
Бино ба хабари маркази матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар мулоқот таъкид кард, ки бо вуҷуди душвориҳои фаровон дар соли ҷорӣ бисёре аз созишномаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалӣ шуданд. Нишасти комиссияи миёнҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ барои амалисозии созишномаҳо хеле кумак кардааст.
Ҳамчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ду кишвар дар даври пандемия ҳамкории наздик доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ