Дар мавриди Навалний парвандаи ҷиноӣ боз карданд


Кумитаи тафтишоти Русия дар мавриди Алексей Навалний парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Бино ба маълумоти кумитаи тафтишот, Навалний аз чандин созмони байналмилалӣ барои фаъолияти худ беш аз 588 миллион рубл гирифтааст ва 356 миллион рубли онро барои ниёзи худ сарф кардааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ барои фаъолияти худ аз “Бунёди мубориза бо фасод”, “Бунёди дастгирии расонаҳои хабарии Панҷумин фасли сол”, “Бунёди роҳандозӣ ва ҳамоҳангсозии ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон”, “Бунёди таъмини ҳимояи шаҳрвандон” ва “Бунёди ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони ШТАБ” маблағ гирифтааст.
Бар асоси додаҳои кумита, Навалний ба як қисми ин маблағ амволи ғайриманқул, ашёи қиматбаҳо харида ва ҳамчунин, дар хориҷа истироҳат кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ