Дар натиҷаи ҳамла ба фурӯдгоҳ дар Яман даҳҳо нафар захмӣ ва кушта шуданд


Дар натиҷаи ҳамла ба фурӯдгоҳ дар шаҳри Адани Яман имрӯз даҳҳо нафар захмӣ ва кушта шуданд.
Бино ба хабари Евронюз, ҳангоми фурӯд омадани ҳавопаймое, ки дар дохили он аъзои нави ҳукумати Яман буданд, сето снаряд таркид. Вазирон аз ҷойи ҳодиса зуд ба қароргоҳи раисҷумҳур мунтақил шуданд. Баъди чанде дар қароргоҳи раисҷумҳури Яман низ таркиш рух дод.
Вазорати иттилооти Яман гурӯҳи ҳусиёни шӯришгар – Ансоруллоҳ”-ро муттаҳам ба анҷом додани ин ҳамла кард. Аммо, “Ансоруллоҳ” инро рад кард.
Ёдовар мешавем, дар Яман сар аз соли 2014 дар миёни ҳусиён ва тарафдорони раисҷумҳури эътирофшуда – Ҳодӣ даргириҳои мусаллаҳона идома дорад.
Вақте, ки ҳусиён пойтахти кишвар Саноро ба зери назорат дароварданд ва ҳукумати худро таъсис доданд, раисҷумҳур ва вазирон ба фирор карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ