Сарватмандтарин шахси Осиё кист?


Чжун Шаншан, асосгузори ширкатҳои Beijing Wantai Biological Pharmacy Enterprise ва Nongfu Spring сарватмандарин шахси Чин ва Осиё ба шумор меравад. Яке аз ширкатҳои Шаншан ваксина ва дувумӣ об истеҳсол мекунад.
Бино ба хабари Bloomberg, сарвати Шаншан ба 77,8 миллиард доллар расидааст. Ӯ дар феҳристи сарватмандони ҷаҳон дар паллаи ёздаҳум ҷойгир аст. Сарвати Шаншан дар як сол 70,9 миллиард доллар зиёд шуд.
Қабл аз ӯ Ҷек Ма, асосгузори ширкати Alibaba сарватмандтарини Осиё буд.
Ҳукумати Чин дар мавриди ӯ тафтишот оғоз кард ва дар натиҷа сарвати ӯ 3,6 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ