Дар Туркия соати комендантӣ ҷорӣ шуд


Аз 31 декабр дар саросари Туркия соати комендантӣ ҷорӣ гардид. Акнун то субҳи 4 январ дар Туркия шабона ин режим дар амал хоҳад буд.
Раҷаб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия ҳанӯз 14 декабр дар бораи ҷорӣ кардани соати комендантӣ дар соли нав эълон карда буд.
Бино ба хабари вазорати сайёҳии Туркия, ин режим танҳо барои шаҳрвандони кишвар буда, сайёҳони хориҷӣ метавонанд шабҳо низ озодона дар кӯчаҳо сайру гашт кунанд.
Ҳамчунин, то 4 январ дар меҳмонхонаҳо баргузор кардани табдирҳои фароғатӣ низ мамнӯъ шудааст.
Ёдовар мешавем, дар Туркия то ба ҳол тақрибан 2,2 миллион нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ