Соли 2020 мезони таваррум дар Ӯзбекистон 11,1 дарсад буд


Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон дар бораи мезони таваррум (инфлятсия) дар соли гузашта маълумот дод.
Бино ба маълумоти кумита, дар давоми соли 2020 дар Ӯзбекистон нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо 11,1 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин нишондод соли 2019 15,2 дарсад буд.
Дар моҳи охирини сол суръати афзоиши нархҳои маҳсулот ва хидматрасониҳо ба ҳисоби миёна 1,6 дарсад буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ