Фурӯши смартфонҳои Samsung соли 2020 коҳиш ёфт


Пандемияи коронавирус ба даромади солонаи ширкати Samsung таъсири ҷиддӣ гузошт. Ин ширкат дар 10 соли охирин якумин бор камтар аз 300 миллион дона телефони мобилӣ фурӯхт.
Соли ҷорӣ ширкат мехоҳад ҳаҷми истеҳсоли телефони мобилиро 14 дарсад, яъне то 307 миллион дона афзоиш диҳад. 287 миллион донаи онҳо смартфон ва боқӣ телефонҳои оддӣ хоҳад буд.
Дар оғози соли ҷорӣ сармояи Samsung ба дараҷаи рекордии 329 миллиард доллар расид. Ширкат дар саросари ҷаҳон беш аз 310 ҳазор корманд дорад. Тӯли солҳои зиёд Samsung аз ҷиҳати фурӯши смартфонҳо пешқадами ҷаҳон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ