Дар Чеченистон 346 кӯча ба шарафи Қодиров ва пайвандони ӯ номгузорӣ шудааст


Дар шаҳру ноҳияҳои Чеченистон 346 кӯча ба шарафи Рамзан Қодиров ва хешу табори ӯ номгузорӣ шудааст. Дар ин бора Meduza ба нақл аз «BBC Россия» хабар дод.
Масалан, ноҳияи Ножай-Юрт, ки зодгоҳи Қодировҳо аст, 53 деҳа дорад ва 48-тои ин деҳаҳо кӯча ба номи Қодировҳо дорад.
Бештарини кӯчаҳо ба шарафи Аҳмад Ҳоҷӣ Қодиров, падари Рамзан Қодиров номгузорӣ шудааст. Худи раҳбари Чеченистон аз ин ҷиҳат баъди падар дувум аст. Баъди онҳо ба шарафи модар ва бобои Рамзан Қодиров кӯчаҳо ном гирифтаанд.
Бино ба маълумоти «BBC Россия», хешовандони Қодиров дар миёни 150 нафар мансабдори олирутбаи Чеченистон 30 дарсад ҳастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ