Рӯҳшинос зарари оҳангҳои солинавиро тавзеҳ дод


Беш аз меъёр шунидани оҳангҳои солинавӣ метавонад инсонро дучори стресс ва хастагии зеҳнӣ кунад, ӯро азият диҳад.
Бино ба хабари Business Insider, рӯҳшинос Линду Блэр мегӯяд, ки чунин оҳангҳо ба рӯҳияти инсон таъсири манфӣ дорад, чунки зеҳни ӯро машғул мекунад ва ба тамаркуз роҳ намедиҳад.
Блэр гуфт, “Одамоне, ки дар мағозаҳо кор мекунанд, маҷбуранд оҳангҳои солинавиро гузоранд, чун наметавонанд зеҳни худро барои кор ҷамъ кунанд. Шумо ҳама қувваи худро барои нашунидани оҳанге, ки танин меандозад, сарф мекунед”.
Рӯҳшинос таъкид мекунад, ки оҳангҳои солинавӣ касро ба стресси пеш аз соли нав дучор мекунад. Ба хусус, одамро ба фикри он мебарад, ки барои ин ҷашн чӣ қадар пул сарф карданд, ё мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ