Сарвазири Шотландия ба бозгашти минтақа ба Иттиҳоди Аврупо ишора кард


Никола Стерҷен, сарвазири Шотландия ба имкони бозгашти кишвараш ба таркиби Иттиҳоди Аврупо ҳамчун мамлакати мустақил ишора кард.
Бино ба хабари Регнум, ӯ дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, “Аврупо, Шотландия ба зудӣ бармегардад…”. Сарвазир ба навиштаҳои худ парчами Шотландия, дил ва парчами Иттиҳоди Аврупоро ҳамроҳ кард.
Стерҷен бо ин навиштаҳояш маълум кард, ки дар Шотландия баргузории ҳамапурсӣ барои истиқлол имкон дорад. Ӯ қаблан чандин бор таъкид карда буд, ки хориҷ шудани Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо бар хилофи майлу хоҳиши кишвараш аст. Ҳамчунин, сиёсатмадор тарафдори фаъоли баргузории ҳамапурсии такрории истиқлоли Шотландия мебошад.
Ёдовар мешавем, дар ҳамапурсиии аввал, ки соли 2014 баргузор шуд, аксарияти мардуми Шотландия бар зидди истиқлол овоз доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ