Дар Африқо бо иштироки 54 кишвар бузургтарин минтақаи озоди тиҷоратӣ эҷод шуд


Дар Африқо минтақаи озоди тиҷоратии (МОТ) қитъавӣ эҷод шуд. Ин минтақа аз ҷиҳати шумори кишварҳои иштироккунанда, аҳолӣ ва ҷуғрофия бузургтарин иттиҳодияи тиҷоратӣ дар ҷаҳон аст. Аз 55 кишвари Африқо 54-тои онҳо паймони эҷоди МОТ-ро имзо карданд. Танҳо Эритрея ба далели мушкили сиёсӣ бо ҳамсояи худ Ҳабашистон аз паймон берун аст.
Кишварҳои Африқо ҳанӯз дар моҳи июл оғози фаъолияти минтақаро барномарезӣ карда буданд. Аммо пандемия ба ин роҳ надод.
Оғози амалии фаъолият дар минтақа рӯзи 4 январ хоҳад буд. Дар ин рӯз додугирифти кишварҳо аз фурӯдгоҳи Гана оғоз мешавад. Дар Гана котибияти минтақаи озоди тиҷоратӣ ҷойгир аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ