Ҳукумати Бангладеш мусалмонони роҳинҷаро ба ҷазирае кӯчонд


Ҳукумати Бангладеш тақрибан ду ҳазор нафар мусалмони роҳинҷаро ба ҷазираи дурдасти Бхашан-Чари халиҷи Бенгал кӯчонданд. Дар ин бора Евронюз хабар дод.
Ба гуфтаи ҳимоякунандагони ҳуқуқи башар, дар ин ҷазира офатҳои табиӣ зуд-зуд рух медиҳад. Аз тариқи об ба ҷазира дар 3 соат расидан мумкин аст. Чанде пеш ҳукумат 1600 нафарро, ки дар ӯрдугоҳҳои паноҳҷӯён зиндагӣ мекарданд, ба ин ҷазира кӯчонда буд.
Дар зимн, мақомоти Бангладеш таъкид мекунанд, ки худи паноҳҷӯён дар бораи ҷазира аз нахустин сокинони он, ки хешу таборашон ҳастанд, шунидаанд ва хостаанд дар он ҷой зиндагии нав оғоз кунанд. Вазири корҳои хориҷии Бангладеш ҷазираро маркази сайёҳӣ номидааст. Ҳукумат мехоҳад дар оянда 100 ҳазор нафари паноҳҷӯёни миллионнафариро, ки дар ӯрдугоҳҳо муваққатан зиндагӣ мекунанд, кӯчонад.
Аммо, агентии «Франс-Пресс» хабар медиҳад, ки ҳукумат мусалмононро ба кӯчидан ба маҷбур кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ