Шумори мубталоёни коронавирус дар ИМА ба 20 миллион нафар расид


Дар саросари ИМА беш аз 20 миллиону 7 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуданд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс хабар дод.
То ҳол беш аз 346,4 ҳазор нафар бемор қурбони вирус шуданд.
Дар миёни иёлатҳо Калифорния аз ҷиҳати паҳншавии коронавирус “пешсаф” аст. Дар ин иёлат 2,30 миллион мубталои коронавирус шудаанд. Ҳамчунин, дар Техас 1,77 миллион, дар Флорида 1,32 миллион, дар Ню-Йорк 979 ҳазор ва Иллинойс 963 ҳазор нафар гирифтори вирус гардидаанд.
ИМА ҳоло аз рӯи шумори мубталоён ва қурбониёни коронавирус кишвари аввали ҷаҳон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ