Озарбойҷон дар бозори энергетикаи Аврупо рақиби Русия шуд


Ширкати давлатии SOCAR-и Озарбойҷон тавассути лӯлаи Трансадриатика интиқоли газро ба Аврупо оғоз кард. Дар ин бора вазорати энергетикаи Озарбойҷон хабар дод.
Дар баёнияи муштараки ширкатҳои SOCAR-и озарӣ ва ВР-и британияӣ гуфта мешавад, ки гази Озарбойҷон ҳоло ба Италия, Юнонистон ва Булғористон расидааст.
Озарбойҷон дар 25 сол Аврупоро бо беш аз 10 миллиард мукааб газ таъмин хоҳад кард. Аз ҷумла, Италия 8 миллиард мукааб ва Юнонистону Булғористон 2 миллиард мукааб газ дарёфт мекунанд.
Бино ба хабари Bloomberg, Иттиҳоди Аврупо тайи чанд сол кӯшиш мекунад то вобастагии худро ба Русия ва гази он коҳиш диҳад.
Гуфта мешавад, ки Озарбойҷон дар оянда ба дигар кишварҳои аврупоӣ низ интиқоли газро мақсад кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ