Муроҷиатномаи раисҷумҳур рушди бештари соҳаи таълими халқ ва иҷобати орзу ва умеди ҷавононамонро дар худ мунъакис кард



Бо шунидани Муроҷиатномаи навбатии раисҷумҳурамон ба Олий Маҷлис фаҳмидем, ки соли 2021 барои ба сатҳи нав баровардани сиёсати давлат нисбати ҷавонон иқдоми муҳим амалӣ мегардад.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки барои амалӣ кардани ислоҳот дар ин замина бояд пеш аз ҳама ба соҳаи таълиму тарбия эътибор дода мешавад, зеро он асоси тараққиёти ҳама соҳа аст.
Ӯ гуфт, ки ислоҳоти зери шиори “Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз системаи таълиму тарбия оғоз мешавад” асоси онро ташкил хоҳад дод.
Дар вилояти мо 1 мактаби нав барои 1680 нафар сохта шуд. Ҳамчунин, 51 мактаб комилан таъмир ва бозсозӣ шуданд. Барои иҷрои ин корҳои бунёдкорӣ дар чорчӯби лоиҳаи сармоягузорӣ 128,2 миллиард сӯм ва аз ҳисоби маблағи Бунёди мубориза бо буҳрон 65 миллиард сӯм ҷудо шуд.
Соли 2021 дар вилояти мо 2 мактаби нав сохта мешавад, 19 мактаб бозсозӣ ва 18 мактаб таъмири комил мегардад. Барои иҷрои ин ҳадаф беш аз 174 миллиард сӯм сарф хоҳад шуд.
Имрӯз дар мактабҳои мо 28 ҳазору 909 нафар роҳбари синф фаъолият доранд. Бешубҳа, омӯзишу парвариши донишомӯзон, назорати доимии онҳо ва ҳамкорӣ бо падару модари онҳо меҳнату заҳмат дорад. Раисҷумҳур ба заҳмати онҳо баҳои муносиб дод ва таъкид кард, ки иловапулӣ барои роҳбарони синф 1,5 баробар афзоиш меёбад. Ин ҳамчунин, масъулияти роҳбарони синфро зиёдтар мекунад.
Дар вилоят мактабҳои давлатии махсуси дарсҳои дақиқ ва табиӣ сол то сол бештар мешаванд. Сарвари кишварамон дар Муроҷиатнома гуфт, “Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки дарси физика асоси тақрибан ҳама кашфиёту технологияҳо аст”.
Дарҳақиқат, бар асоси ғоя ва ташаббусҳое, ки раисҷумҳур пеш мебаранд, дар шаҳри Самарқанд мактаб-интернати махсуси дарсҳои физика ва математика ба номи Мирзо Улуғбек боз мешавад. Ин мактаб-интернат ба донишҷӯён барои соҳиби илми амиқ шудан аз рӯи ин дарсҳо ва таҷрубаомӯзӣ хеле имкон фароҳам хоҳад кард. Аз соли 2021 барои синфҳои 7-8-и мактаб 120 нафар донишомӯз бо роҳи озмун интихоб мешаванд ва фаъолияти он оғоз мешавад.
Соли 2020 дар шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияҳои Самарқанд, Тайлоқ, Булунғур фаъолияти 4 мактаби махсуси математика роҳандозӣ шуд. Дар солҳои 2021-2023 боз 12 мактаби чунин фаъолияти худро шурӯъ хоҳад кард.
Мо барои истифодаи густурдаи технологияҳои ахборотӣ дар мактабҳо ва рушди ин система пеши худ мақсадҳои бузург гузоштаем. Соли 2020 бар асоси қарори “Дар бораи чораву тадбирҳои такмили соҳаи технологияҳои ахборотӣ, рушди тадқиқоти илмӣ ва интегратсияи онҳо бо самноати IT”-и раисҷумҳури Ӯзбекистон дар пояи мактаби рақами 9-и шаҳри Самарқанд фаъолияти мактаби махсуси омӯзиши информатика ва технологияҳои ахборотӣ ба роҳ андохта шуд.
Ин мактаб бар ивази 340 миллион сӯм бо таҷҳизоти зарурии замон таъмин гардид. Дар рӯзҳои наздик ин мактаб боз хоҳад шуд. Соли 2021 дар ноҳияҳои Ҷомбой, Иштихон, Нарпай, Оқдарё, Пастдарғам, Самарқанд ва Тайлоқ низ мактабҳои махсуси информатика ва технологияҳои махсус таъсис меёбанд ва мутахассисон барҷаста ба онҳо барои кор ҷалб мегарданд. Дар ин замина то соли 2023 дастури дақиқ вуҷуд дорад.
Имрӯз 435 мактаби вилоят ба шабакаи интернет пайваст шудаанд. Дар соли нав дар ин роҳ низ корҳо идома хоҳанд ёфт.
Дар шаҳру ноҳияҳои мо 1580 нафар ба далели маҳдудияти имкони ҷисмонӣ дар хонаи худ таҳсили инфиродӣ (индивидуал) мегиранд. Барои дастгирии онҳо аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ва беҳтар кардани сатҳи хидматрасонии тиббӣ ба онҳо бо чандин муассисаи давлатӣ корҳои муштарак анҷом ёфтанд.
Соли 2021 донишомӯзоне, ки дар хона таҳсили инфиродӣ мегиранд, дубора зери назорат гирифта мешаванд, шароити онҳоро меомӯзанд ва масъулияти омӯзгорони масъули онҳо бештар мегардад. Кор дар ин самт дар Пастдарғам ва Булунғур оғоз шуд.
Соли ҷорӣ 50 776 нафар донишомӯз мактабҳоро хатм хоҳанд кард. Мақсади мо расидан ба натиҷаи дохилшавии 20 дарсади онҳо ба донишгоҳҳо аст. Дар ин самт мақсаду иқдоми дақиқ дорем ва онҳоро амалӣ мекунем.

Маълум аст, ки мактабҳои ноҳияҳои Ургут, Нуробод ва Пастдарғам ба омӯзгорони чандин фан эҳтиёҷ доранд. Дар натиҷа, баъзе омӯзгорон аз ноҳия ва ҳатто вилоятҳои дигар барои таҳсили донишомӯзон ба ин ноҳияҳо меоянд. Раисҷумҳур ба ин масъала низ таваҷҷӯҳ дод ва таъкид кард, ки омӯзгор аз ноҳияи дигар омада кор кунад 50 дарсад ва агар аз вилояти дигар омада кор кунад 100 дарсад иловапулӣ хоҳад гирифт.
Муроҷиатномаи навбатии раисҷумҳур ба Олий Маҷлис аз ин ҷиҳатҳо ҳалли муаммоҳо ва дастуруламали рушди бештари соҳаи таълими халқ шуд.
Мақсадҳои дақиқ дорем. Барои амалисозии онҳо ҳар як корманди соҳаи таълими халқ ва омӯзгорамон бояд ҳалолу содиқ ба касби худ кор кунанд. Барои ин кӯшиш мекунем то аз бархӯрду ҷаҳонбинӣ ва усулҳои кӯҳна даст кашем ва устуворона ба пеш ҳаракат намоем.

Зебинисо Шодиева
Раиси шӯъбаи таълими халқи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ