Қазоқистон протоколи байналмилалии бекор кардани ҳукми қатлро тасдиқ кард


Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон қонуни тасдиқи протоколи паймони байналмилалии бекор кардани ҳукми қатлро имзо кард. Дар ин бора агентии Новости хабар дод.
Бар асоси дувумин протоколи паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳар кишвари узв дар чорчӯби салоҳияти худ барои бекор кардани ҳукми қатл иқдом мекунад. Танҳо ҳолатҳои ҷинояти вазнин дар замони ҷанг метавонад барои ҳукми қатл истисно бошад.
Чанде пеш намояндагони маҷлис ва сенати порлумони Қазоқистон ин санадро қабул карда буданд.
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури якуми Қазоқистон соли 2003 фармони ҷорӣ кардани муҳлати қонунӣ (мораторий) барои ҳукми қатлро имзо карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ