Ҳиндустон истифодаи ваксинаи AstraZeneca -ро мақбул донист

Дар Ҳиндустон истифодаи ваксинаи коронавирус, ки аз ҷониби AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст, тасдиқ карда шуд, менависад «Korrespondent net».

Як манбаи дигари нашрия тасдиқ кард, ки Мақомоти стандартҳои тиббии Ҳиндустон ваксинаи маҳаллии Bharat Biotech -ро низ тасдиқ кардаанд.

Қаблан ҳукумати Бритониё истифодаи ваксинаеро, ки онро ширкати бритониёӣ ва шведии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд сохтаанд, тасвиб карда буд. Бритониё аввалин кишвар дар ҷаҳон шуд, ки ваксинаи AstraZeneca -ро ба қайд гирифт. Ҳукумати Бритониё натиҷаҳои таҳқиқотро, ки боиси иҷозатномадиҳии ваксинаи AstraZeneca шудааст, нашр накардааст. Ин аз Pfizer / BioNTech ва ваксинаи аз ҷониби ИМА тасдиқшудаи Moderna фарқ мекунад.

Дар аввали моҳи ноябр, марҳилаи сеюм ва ниҳоии озмоиши ваксинаи Covaxin бар зидди коронавирус дар Ҳиндустон оғоз ёфт. Дору аз ҷониби Bharat Biotech дар ҳамкорӣ бо Шӯрои Тадқиқоти Тиббии Ҳиндустон (ICMR) таҳия шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ