Зидан мехоҳад Салоҳро ба «Реал» оварад

Тавре ки шумо медонед, роҳбарияти «Реал Мадрид» кӯшиш мекунад, ки дар тобистон якчанд трансферҳои калон ба амал орад.
Дар ҳамин ҳол, Мадрид қасд дорад ба интиқоли Клиан Мбаппе, Эрлинг Ҳолланд ва Ҷайдон Санча шурӯъ кунад.

Илова бар ин трансферҳо, сармураббӣ Зинедин Зидан низ мехоҳад ҳамлагари «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳро ба майдон орад.

Тибқи хабарҳо, худи футболбози мисрӣ мехоҳад Ливерпулро тарк кунад.

Сабаби асосии аз даста рафтани Муҳаммад Салоҳ дар он аст, ки вай бо вуҷуди беҳтарин нишонзан буданаш мавриди интиқоди мухлисон қарор мегирад. Ба гуфтаи мухлисон, Салоҳ натавонистааст аз вазъият алайҳи тимҳое чун «Нюкасл» ва «Фулҳам» истифода кунад ва аз ин рӯ даста голҳоро аз даст дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ