Нэнси Пелоси дубора раиси маҷлиси намояндагони порлумони ИМА интихоб шуд


Нэнси Пелосии 80-сола бори дигар раиси маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА интихоб шуд. Ӯ қаблан солҳои 2007-2011 ва аз соли 2019 то ба ҳол раиси маҷлис буд.
Кевин Маккарти, рақиби Пелоси аз ҷумҳурихоҳон буд. Аммо Кевин Маккарти нисбат ба номзади демократ 7 овоз камтар дарёфт кард.
Баъзе аз намояндагон ба муҳлати дарози раёсати Нэнси Пелоси мухолифӣ кардаанд.
Пелоси чанде пеш гуфта буд, ки бори охирин номзадиаш ба раёсати маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ