Бориши шадиди барф дар Аврупо боиси марги 2 нафар шуд


Дар натиҷаи бориши барфи шадид дар Аврупо 2 нафар қурбон шуданд. Зану шавҳаре, ки дар Тироли Ҷанубии Италия барои лағжасаворӣ рафта буданд, зери тарма монданд. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса зуд омаданд, вале дер шуда буд, ва онҳо ҷасадҳоро аз зери барф берун оварданд. Маълум шуд, ки қурбониён Михаэл Грюнери 65-сола, раиси собиқи бонки Raiffeisen ва зани ӯ буданд.
Боришоти шадид дар Тироли Шарқӣ, ки дар қаламрави Австрия ҷойгир аст, боиси вайрон шудани як анбор шуд. Дар ин ҳодиса касе осеб надид. Роҳи асосии мошингард, ки ин минтақаи кӯҳиро бо шаҳри Залсбург мепайвандад, баста шудааст. Бино ба маълумоти ҳавошиносон, дар як шаб беш аз як метр барф боридааст.
Ҳарорати ҳаво дар Испания ва Олмон низ паст аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ