Бишкек аз ҷиҳати олудагии ҳаво шаҳри якуми ҷаҳон дониста шуд


Бишкек – пойтахти Қирғизистон аз ҷиҳати олудагии ҳаво шаҳри якуми ҷаҳон эътироф шуд. Пажӯҳиши созмони байналмилалии World Air Quality чунин натиҷа дод.
Дар феҳристи World Air Quality шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон ва Дакка – пойтахти Бангладеш паллаҳои дувум ва савумро касб карданд.
Гуфта мешавад, ки дар 3 соли охир ҳавои Бишкек хеле олуда шудааст. Мутахассисон сабаби олудашавии ҳавои шаҳрро тавзеҳ доданд. Нахуст, бозсозии бесифати нерӯгоҳи ҳароратии Бишкек, дувум, бетартиб қад афрохтани биноҳои баландошён ва савум зиёд будани автомобилҳо ҳавои шаҳрро хеле ифлос кардааст.
Баъзе аз созмонҳо талаб мекунанд, ки дар Бишкек вазъияти фавқулодда эълон шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ