Эрон ғанисозии уранро то 20 дарсад оғоз кард


Козим Ғариб Ободӣ, намояндаи доимии Эрон дар Агентии байналмилалии энергияи ҳастаӣ (АБЭҲ) маълум кард, ки дар кишвараш ғанисозии уран то 20 дарсад оғоз шуд.
Ӯ гуфт, “АБЕҲ тасдиқ кард, ки баллони 137,2 килоии урани 4,1 дарсад ғанисозишуда ба хатти интиқол пайваст шуд ва истеҳсоли UF6-и (гексафториди уран) то 20 дарсад ғанисозишуда оғоз гардид.
Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 4 январ дастур дод, ки дар корхонаи атомии Фордо ғанисозии уран дар сатҳи 20 дарсад оғоз шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ