Ӯзбекистон дар вилояти Хатлони Тоҷикистон қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19 месозад

Тошканд ба дархости Душанбе посух дода, ба сохтмони қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19 изҳори омодагӣ намуд.
Иншооти нав дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон дар заминаи маркази тиббӣ, ки аз ҷониби кишвари мо сохта шуда истодааст, бунёд мегардад.
Таъмини он бо дастгоҳу таҷҳизот низ аз ҳисоби маблағгузории ҶС “Узбекнефтегаз” сурат мегирад, хабар дод “Азия-Плюс”.
Қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19, ки Тошканд онро сохтаву муҷаҳҳаз гардониданист, айни замон дар Тоҷикистон собиқа надорад.
Таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб мешавад, ба дар фурсати кӯтоҳтарин ошкор кардани сирояти коронавирус дар шахс ва сипас таъҷилан фиристодани беморони COVID-19 ба беморхонаҳои минтақа ва пойтахт ҷиҳати муолиҷа имкон медиҳад.
Сохтмони маҷмааи муосири тиббӣ дар Қубодиён аз ҷониби Ӯзбекистон нимаи дуюми соли 2018 оғоз гардида, тибқи нақшаи бинокорон, баҳори соли ҷорӣ ба қабули беморон омода мешавад.
Бунёди марказ яке аз лоиҳаҳои ҳукумати Ӯзбекистон аст, ки зимни сафари президенти кишвар Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 тасдиқ шуда буд.
Ғайр аз ин, дар доираи қарордодҳо аз ҳисоби маблағгузории Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2020 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби нав барои 630 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ