Фармон дар бораи таъсиси Фонди таҷдиди Қарабоғ ба имзо расид

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев фармонро дар бораи таъсиси хазинаи таҷдиди Қарабоғи Кӯҳӣ имзо кард.
Тибқи иттилои хабаргузории давлатии AZƏRTAC, корҳои барқарорсозӣ дар минтақа мустақилияти иқтисодӣ ва сиёсии кишварро тақвият мебахшад.

«Азсаргирии фаъолияти сохтмонӣ ва эҷодӣ дар манотиқи озодшуда қадами муҳим дар рушди нави Озарбойҷон хоҳад буд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ