Дар Намангон 12 нафар аз нӯшокии спиртӣ заҳролуд шуданд


Дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Наманган 12 нафар баъди нӯшидани алкогол заҳролуд шуданд, ду нафар аз онҳо фавтид. Дар ин бора Ҳаёт Шасутдинов, раиси маркази матбуотии додситонии кулл (генпрокуратура) хабар дод.
Гуфта мешавад, ки онҳо рӯзҳои 29-31 декабр нӯшокии спиртии “Градусник”, ки дар Қирғизистон истеҳсол мешавад, нӯшида ва заҳролуд шудаанд.
Бо вуҷуди кӯшиши шифокорон, ду нафар фавтиданд.
Додситонии ноҳияи Тӯрақӯрғон дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Тафтишот идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ