Шаҳре, ки ҳавояш ифлос аст, маълум гардид Пойтахти Қирғизистон-Бишкек шаҳри ҳавояш ифлосгашта дониста шуд.

Натиҷаи тадқиқотҳо дар сайти ташкилоти «Сифати ҳавои байналмилалӣ» эълон карда шудааст. Бино бар он, Кобул (Афғонистон) ҷойи дуюм, Дакка (Бангладеш) ҷойи сеюмро гирифтанд. Бишкек дар рейтинги мазкур дар ҳафтаи охир маротибаи дуюм пешсафӣ мекунад. То ин вақт он дар ҷойҳои 2-3 буд. Бо сабаби ваъияти ба миён омада роҳбари маъмурияти Бишкек Балбак Тулобаев таклифи ба таъминоти гармидиҳии газӣ гузаронидани маркази гармидиҳии пойтахтро дод. Аммо ҳукумат ин чорабинӣ ба қиматшавии гармӣ ва энергияи электр оварда расонданашро ба ҳисоб гирифта, таклифашро рад кард. Дар Бишкек вазъият бо ифлосшавии ҳаво дар байни 3 соли охир бад шудааст. Мутахассисон ба ин вазъият якчанд сабабро нишон медиҳанд, якумаш бесифат реконструксия кардани истгоҳи электри гармидиҳии Бишкек; дуюмаш, дар шаҳр дар ҳолати ба ҳисоб нагирифтани гардиши ҳаво бетартиб сохтани хонаҳои бисёрошёна, сеюмаш, зиёд будани автомобилҳо. Баъзе ташкилотҳои ҷамоатӣ бо талаби дар Бишкек ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодда баромаданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ