«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дод

Имрӯз баъд аз чандин моҳи таваққуф дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дода шуд. Парвози махсус аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» /Uzbekistan Airways/ сурат гирифт. Дар ин бораи Хизмати матбуоти ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» хабар медиҳад.
Бояд зикр кард, ки моҳи марти соли 2020 бар асари паҳншавии бемории сироятии COVID-19 парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд муваққатан қатъ гардида буд.
Парвозҳои мунтазам байни ду ҳамсоядавлат-Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кай барқарор мешаванд?
Бино ба иттилои манбаъ байни мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гуфтушунид идома дошта, бо ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки шурӯъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ