Дар Балх сардори қабила ва афсарро куштанд

Ҷаҳон

Мақомоти амниятии Балхи Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи ду ҳодисаи ҷудогона дар шаҳри Мазори Шариф, маркази ин вилоят, як афсари полис ва як пешвои қавмӣ кушта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «1tvnews af».
Одилшоҳ Одил, сухангӯи полиси Балх, рӯзи душанбе, 04.01.2021 ба «1tvnews af» гуфт, ки Муҳаммад Ҳошим, як маъмури пулиси Бадахшон, ки дар Мазори Шариф дар рухсатӣ буд, шаби гузашта дар ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум кушта шудааст.
Вай афзуд, ки ҳодиса дар минтақаи «Лоиҳаи Холид бин Валид»-и Мазори Шариф рух додааст.
Ҷаноби Одил инчунин илова намуд, ки дар як ҳодисаи дигар як пири қабила аз ҷониби афроди ношинос дар шаҳри Мазори Шариф кушта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса шаби гузашта ҳангоми адои намози хуфтан дар масҷиди ҳавзаи чоруми амниятии Мазори Шариф рух додааст.
Сухангӯи полиси Балх қайд кард, ки ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд, аммо тафтишот барои таҳқиқи ин парвандаҳо шурӯъ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ