Дар Англия бори савум карантин ҷорӣ гардид


Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир дар бораи ҷорӣ шудани карантини савум дар Англия эълон кард.
Бино ба хабари “Новости”, ӯ дар муроҷиати худ аз тариқи шабакаи телевизионӣ гуфт, “Коронавируси нав бо суръати ваҳмнок паҳн мешавад.
Аз имрӯз, 5 январ ҳамаи мактабҳои Англия ба тарзи таҳсили онлайн бармегарданд. Танҳо барои сайру гашт ва шифохонаву мағоза ба кӯча рафтан мумкин аст.
Ҷонсон гуфт, “Шумо бояд аз ҳамин лаҳза риоя ба қоидаҳоро оғоз кунед, аз рӯзи чоршанбе, ки маҷлиси порлумон баргузор мешавад, ин қонун хоҳад шуд”.
Нынешний локдаун аналогичен весеннему и гораздо строже, чем ноябрьский.
Ба гуфтаи сарвазир, муҳлати поён ёфтани карантин вобаста ба вазъият хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, дар як шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 58 784 ҳолати сирояти коронавирус сабт шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ