Тақрибан 700 ҳазор нафар қирғизистонӣ аз пардохти фоизҳои кредит озод шуданд


Дар Қирғизистон тақрибан 700 ҳазор нафар аз пардохти фоизҳои кредит озод шуданд. Ҳукумати Қирғизистон бо мақсади дастгирии қарз гирифтагон чунин қарор кард.
Бар асоси ин қарор, касоне, ки то 1 октябри соли гузашта камтар аз 1200 доллар кредит гирифтаанд, фоизҳоро пардохт намекунанд. Ин лоиҳа асосан барои тадбиркорони хурд пешбинӣ шудааст. Дар вақти пандемия бисёре аз онҳо бо мушкилиҳо рӯбарӯ шуданд. Ҳукумат барои кӯмак ба тадбиркории миёна ва калон дигар чораҳоро меандешанд.
Ҳукумат барои пардохти фоизи тадбиркорони хурд тақрибан 15 миллион доллар ҷудо мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ