Кишварҳои Халиҷи Форс бо Қатар оштӣ карданд


Роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷи Форс муҳосираи дипломатикии Қатарро қатъ карданд. Шабакаи телевизионии “Ал Ихбория”-и Арабистони Саъудӣ маросими сулҳи онҳоо мустақимана пахш кард.
Шаҳзодаи Арабистони Саъудӣ, амирони Қатар ва Кувайт, ҳамчунин намояндагони Аморати муттаҳидаи Араб ва Уммон созишномаи сулҳро имзо карданд.
Бо имзо шудани ин созишнома кишарҳои арабӣ бо Қатар дубора робитаҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва заминиро розандозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, Арабистони Саъудӣ, АМА, Баҳрайн ва Миср рӯзи 5 майи соли 2017 бо Қатар робитаҳои дипломатикиро қатъ карданд. Онҳо Қатарро ба пуштибонии терроризм муттаҳам намуда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ