Доналд Трамп супурдани Кохи Сафедро ба Ҷо Байден «рад кард»

Президенти ИМА Доналд Трамп аз супурдани Кохи Сафед ба ҷонишини худ, пирӯз дар интихобот Ҷо Байден «рад кард».
Вай ин суханонро дар мулоқот бо ҷонибдоронаш дар Далтони Ҷорҷия изҳор дошт.

Суханронии ӯ дар канали WJCL News дар YouTube пахш карда шуд.

Трамп қавл додааст, ки агар демократҳо кӯшиш кунанд, ки Сенат ва Кохи Сафедро ба дасти худ гиранд, бо «ғайрат» барои курсии президент мубориза хоҳад бурд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ