Барои баромадан ба Суперлига тайёриро аз ҳозир сар кардан лозим

Клуби касбии футболи «Бухоро» дар мавсими порсола натиҷаи хуб нишон дода натавониста, аз Суперлига афтид. Бо 13 хол дар ҷадвали бозиҳо ҷойи охирро гирифт. Ҳоло ба ин клуб Даврон Файзиев сармураббӣ аст. — Барои баромадан ба Суперлига тайёриро аз ҳозир сар кардан лозим. Рӯзи 8-уми январ тайёриро оғоз мекунем. Медонем, ки барои баромадан ба Суперлига мубориза шадид мешавад. Барои ҳамин, таркибро пурқувват карда, назди худ вазифаи баромадан ба Суперлигаро гузоштем, — гуфт Д.Файзиев.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ