Дар Исроил карантини дуҳафтаӣ ҷорӣ шуд


Бенямин Нетанёҳу, сарвазири Исроил дар бораи ҷорӣ шудани карантини дуҳафтаӣ дар кишвараш эълон кард. Дар ин бора «The Times of Israel» хабар дод.
Ҳукумати Исроил ба далели бо суръати баланд паҳн шудани коронавирус чунин қарор кард.
Карантин аз 7 январ ҷорӣ мешавад.
Ҳамчунин, Нетанёҳу ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки бад шудани вазъияти эпидемиологӣ пайомадҳои ҷиддӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, коронавируси “британияӣ” таҳдиди ҷиддӣ ба ҷаҳон аст.
То ҳол дар Исроил беш аз 448 ҳазор нафар мубталои коронавирус гардиданд. Тақрибан 3 ҳазору 445 нафар қурбони вирус шуданд.
Ёдовар мешавем, навъи нави коронавирус, ки нахуст дар Британияи Кабир кашф шуд, то ҳол дар 41 кишвари ҷаҳон паҳн шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ