Дар Ҷопон ним кило гелос бо нархи тақрибан 10 000 доллар фурӯхта шуд

Дар префектураи Ямагата, Ҷопон, 500 грамм гелос навҷамъовардашуда дар аввали фурӯш дар соли нав ба як миллион иена (9,8 ҳазор доллар) фурӯхта шуд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи кооперативҳои маҳаллии кишоварзӣ.
Қимати аз ҳама гарон аз навъи Сатонисики барвақт пухта интихоб карда шуд.

Сабаби гарон будани гелос технологияи парвариши он мебошад. Дарахтро дар зарфҳои махсуси чӯбӣ парвариш мекунанд. Онро аз моҳи июн то аввали октябр дар яхдон гузошта, сипас ба гармхона интиқол медиҳанд. Ҳарорат дар гармхона рӯзона 25 ва шабона 13 дараҷа гарм аст.

Префектураи Ямагата бо парвариши ширинтарин гелос дар Ҷопон маъруф аст. 75% гелосе, ки дар кишвар парвариш карда мешавад, ба ин минтақа рост меояд. Аммо, гузориш дода мешавад, ки аввалин ҳосили гелос одатан дар охири баҳор ё аввали тобистон бароварда мешуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ