Лукашенко: Худо моро барои рафтори нописанд ба табиат бо коронавирус ҷазо дод


Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дар мулоқот бо ҷамоаи ширкати “Горизонт” гуфт, ки коронавирус ҷазои худо ба одамон барои рафтори нописанд ба табиат аст.
Бино ба хабари маркази матбуотии раисҷумҳури Белорус, “Ман дар паёми (муроҷиати солинавӣ – Овози Самарқанд) худ дар бораи электромобил ҳарф задам, аммо паёми асоси ин буд, ки шояд худо моро барои рафтори нописанди мо ба табиат ҷазо дод. Агар мо бо табиат ҳамоҳангӣ надошта бошем, мо солим нахоҳем буд, кӯдакони мо низ бечора хоҳанд буд”.
Ҳамчунин, ӯ дар бораи ояндаи электромобилҳо сухан ронд ва гуфт, ки имрӯз бархе аз кишварҳои Аврупо муҳлати аз байн бурдани автомобилҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунандаро муайян кардаанд. Ӯ афзуд, ки Белорус метавонад ин корро зудтар анҷом диҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ