Дар Чин нахустин дили сунъии истеҳсоли маҳаллиро ба бемор гузоштанд


Нахустин ҷарроҳии пайванди дили сунъӣ, ки дар Чин истеҳсол шудааст, бо муваффақият анҷом ёфт. Дар ин бора рӯзномаи China Daily навишт.
Марди 42-солае, ки бемории кардиомиопатия дошт, дар бемористони мардумии вилояти Сичуан ҷарроҳӣ шуд. Ин ҷарроҳӣ дар моҳи ноябри соли 2020 анҷом ёфта буд ва ҳоло ин мард барои тарк кардани бемористон омодагӣ мебинад. Хуан Кели, мудири бахши ҷарроҳии дили ин бемористон гуфт, ки ин мард акнун метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад, аз ҷумла, ронандагӣ ва пиёда ба мағоза равуо кунад.
Дили сунъӣ, ки дар Чин истеҳсол мешавад, аз ду қисм иборат аст. Қисми якум аз раги сунъии хун ва насос барои хун иборат аст. Қисми дувуми дил ин дастгоҳи назоратӣ аст, ки дар берун ҷойгир мешавад. Мутахассисон ҳоло ба сохтани дили сунъии хурдтар пардохтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ