Зиёда аз 30 кишвар эмгузарониро зидди COVID-19 шурӯъ кард

Як сол пас аз оғози густариши бемории нав дар зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон эмгузаронии гурӯҳҳои дар рӯёрӯйи ин сироят осебпазир оғоз ёфт: меъёри нав дар коркарди эмгузаронӣ муқаррар шудааст, акнун бояд ба меъёри нави дастрасӣ ба ваксинаҳо ноил шуд. Дар ин бора дирӯз, 5 январ Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) доктор Тедрос Гейбрейесус ҳангоми суханронӣ дар брифинг дар Женева изҳор намуд.
Роҳбари СУТ истеҳсолкунандагонро даъват кард, ки ҷиҳати таъминоти ваксинаҳо аз системаи COVAX* — барномаи ҳамкории байналмилалӣ, ки 190 кишвар онро дастгирӣ кардаанд, истифода кунанд. «Худи ин кишварҳо ба қатъи миллатгароии ваксинӣ манфиатдоранд», — зикр кард доктор Тедрос.
Вай хотиррасон кард, ки ҳанӯз ҳафтаи гузашта СУТ маълумотро дар бораи бехатарӣ ва самаранокии ваксинаҳои истеҳсоли ширкати амрикоии Pfizer ва ширкати немисии BioNTech -ро таҳлил карда, онҳоро барои истифодаи таъҷилӣ дар мубориза бо COVID-19 маъқул донист.
“Ҳадафи COVAX — то охири соли 2021 расонидани ду миллиард вояи ваксинаҳои бехатар ва самарабахш мебошад, ки ҳукуматҳо онҳоро тасдиқ кардаанд ва баҳои пешакии СУТ-ро гирифтаанд. Ин ваксинаҳо ба ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ мутаносибан бо шумораи аҳолии онҳо баробар пешниҳод карда мешаванд”, — зикр мекунад СУТ.
Дар брифинг Алехандро Кравиото, раиси Гурӯҳи машваратии стратегии СУТ оид ба иммунизатсия ширкат варзид. Вай гуфт, ки мутахассисони СУТ тавсия медиҳанд ду вояи ваксина дар фосилаи 21-28 рӯз ба бадани одамон ворид карда шаванд. Дар айни ҳол доктор Кравиото илова кард, ки баъзе кишварҳо «бо якчанд сабабҳо метавонанд ин ваксинаҳоро тибқи нақшаҳои дигар ворид намоянд», аммо ин ба тавсияҳои СУТ дар марҳилаи кунунӣ мутобиқат намекунад.

  • COVAX — Фонди ҷаҳонии дастрасӣ ба ваксинаҳо зидди COVID-19, ки бо кӯшиши СУТ ва Иттиҳоди ҷаҳонӣ оид ба ваксинаҳо ва эмгузаронӣ (GAVI) таъсис ёфтааст. Ҳадафи механизм таъмини дастрасӣ ба ваксинаҳо барои кишварҳои дорои даромади кам ва миёна мебошад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ