Ба сохтмони Аэропорти нави «ВИП»-и Тошканд 140 миллион доллари амрикоӣ сарф мешавад

Дар соли 2021 дар Аэродроми «Тошкент-Шарқий»-и шаҳри Тошканд корҳои сохтмонии зинаи якуми маҷмӯаи авиатсияи нави шаҳрвандии аэропорт ба охир расонда мешавад. Арзиши умумии лоиҳа ба 140 миллион доллар баробар аст. Корҳои зиёди сохтмон то охири соли ҷорӣ ба охир расонда мешавад. Дар ин бора дар Қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои амалигардонии барномаи инвеститсионии ба солҳои 2021-2023 мӯлҷаршудаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон маълумот дода шудааст. Маҷмӯа дар як соат ба 250 нафар мусофир хизмат мерасонад. Арзиши умумии лоиҳа 140 миллион доллар буда, 40 миллиони он дар соли 2021 аз худ карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ